Прокуратураи Генералии Чумхурии Казокистон дар бораи истирдоди шахрванди Казокистон аз Федератсияи Русия хабар дод, ки барои нигохдории гайриконуни ва интиколи маводи мухаддир бо максади фуруши махсусан калон ба чавобгарии чинояти кашида мешавад. Истирдод натичаи кори якчояи макомоти хифзи хукуки ду кишвар буд.

Тибки маводхои парванда, мохи сентябри соли 2023 шахси зикршуда дар каламрави вилояти Чамбул 13 килограмм марихуанаи хушкнашударо гайриконуни нигох медошт ва интикол медод. Ин микдори маводи мухаддир хамчун андозаи махсусан калон муайян намуда мешавад.
Дар чараёни тафтишоти пеш аз суди гумонбаршуда аз макомоти таъкиби чинояти пинхон шуд ва дар ин робита дар чустучуи байналмилали эълон намуда шуд. Бо шарофати амалиёти оперативии макомоти хифзи хукуки русия, мохи августи соли 2024 у дар каламрави вилояти Кирови Федератсияи Русия дастгир намуда шуд. Пас аз ин Прокуратураи Генералии Чумхурии Казокистон дархости истирдодро ирсол намуд, ки конеъ намуда шуд.
Дар айни замон, шахрванди истирдодшудаи Казокистон дар изолятори тафтишоти карор дорад. Барои содир намудани чинояти айбдоршаванда чазо дар шакли махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз 10 то 15 сол бо мусодираи молу мулк пешбини шудааст.
Аксхо: Ia Caravan Info