Точикистон дар симпозиуми байналмилалии авиатсияи граждани дар АМА: таваччух ба амният ва хамкори – ИА Караван Инфо
Точикистон дар симпозиуми байналмилалии авиатсияи граждани дар АМА: таваччух ба амният ва хамкори

Директори Агентии авиатсияи граждании назди Хукумати Чумхурии Точикистон Хабибулло Назарзода дар симпозиуми Байналмилалии авиатсияи граждани (Global Implementation Support Symposium), ки дар Абу-Даби, Аморати Муттахидаи Араб баргузор шуд, иштирок намуд.

Дар чорабини коршиносон ва рохбарони пешбари авиатсияи шахрванди, аз чумла: Хуан Карлос Саласар, дабири кулли созмони байналмилалии авиатсияи шахрванди (ИКАО), Николас Ралло, директори минтакавии Аврупо ва Атлантикаи Шимоли ИКАО, Сайф Мухаммад Алсувайди, директори генералии маъмурияти авиатсияи граждании АМА; рохбарони макомоти авиатсияи граждани зиёда аз 35 кишвари чахон.

Директори Агентии авиатсияи граждании Точикистон бо маърузае баромад намуд, ки дар он чанбахои асосии бехатарии парвозхо ва бехатарии авиатсиониро рушан намуд. Вай хамчунин, ахамияти густариши хамкори бо созмони байналмилалии авиатсияи граждани (ИКАО) ва кишвархои хоричиро барои рушди минбаъдаи сохаи авиатсияи Точикистон таъкид намуд.

Иштироки хайати Точикистон дар симпозиум хохиши кишварро барои хамгирои ба чомеаи чахонии авиатсиони ва баланд бардоштани стандартхои бехатари дар авиатсияи граждани таъкид менамояд. Он инчунин, ба тахкими робитахои байналмилали ва мубодилаи тачриба бо коршиносони пешбари соха мусоидат мекунад.

Аксхо: Агентии авиатсияи граждании назди Хукумати Чумхурии Точикистон

error: