Дар Австрия эътилофи бидуни рости ифроти ташкил шуд: Кикл интихоботи навро талаб мекунад – ИА Караван Инфо
Дар Австрия эътилофи бидуни рости ифроти ташкил шуд: Кикл интихоботи навро талаб мекунад

Пас аз панч мохи гуфтушунид Австрия ба таъсиси хукумати нави эътилофи рози шуд. Он хизби рости мардуми (ÖVP), Хизби сотсиал-демократии маркази (SPÖ) ва хизби либералии Неосро дар бар мегирад. Раиси ÖVP Кристиан Стокер канслери нав мешавад.

Хизби миллатгарои Озоди (FPÖ), ки дар интихоботи мохи сентябр бо 28 дарсад пируз шуд, худро дар мухолифин карор дод. Рохбари он Герберт Кикл барои ташкили хукумат шарикон пайдо намуда натавонист ва ба вазъияти ба амаломада сахт муносибат намуда, коалитсияи навро «иттифоки бебаророн» номид ва интихоботи навро талаб намуд.

ÖVP ва SPÖ каблан дар як эътилоф кор мекарданд, аммо холо аксарияти хадди акали 92 курси аз 183 курсиро доранд. Либералхо аз Neos  бори аввал дар хукумат хастанд ва то хол созишномаи нихоиро тавсиб нанамудаанд: аъзои онхо рузи якшанбе ба он раъй хоханд дод.

Агар эътилоф аник ба тавсиб расад, кабинети нав аз хафтаи оянда ба кор шуруъ мекунад.

Сурат: аз манбаъхои кушода

error: