Точикистон хамкорихои саноатиро бо Хиндустон, Эрон ва Покистон таквият мебахшад – ИА Караван Инфо
Точикистон хамкорихои саноатиро бо Хиндустон, Эрон ва Покистон таквият мебахшад

Дар Душанбе мулокоти Вазири саноат ва технологияхои нави Чумхурии Точикистон Шерали Кабир бо сафирони се кишвар: Чумхурии Хиндустон (Рачеш Уикер), Чумхурии Исломии Эрон (Алиреза Хакикиён) ва Чумхурии Исломии Покистон (Мухаммад Саид Сарвар) баргузор гардид.

Дар вохури дурнамои густариши хамкори дар сохаи саноат ва дигар сохахои асосии иктисодиёт барраси гардид.

Мавзуъхои асосии мухокима:

Рушди хамкории саноати дар сохаи истихрочи маъдан, рушди саноати сабук ва хуроквори, сохаи сохтмон ва дорусози.

Таъсиси корхонахои муштарак ва хавасманди ба татбики лоихахои муштарак, ки ба рушди иктидори саноатии Точикистон ва кишвархои шарик мусоидат мекунанд.

Чалби сармоягузори ва иштироки сармоягузорон аз Хиндустон, Эрон ва Покистон дар лоихахои афзалиятноки Точикистон пешниход шудааст.

Дар мулокот зикр гардид, ки миёни Точикистону Хиндустон, Эрон ва Покистон барои рушди муносибатхои тичоративу иктисоди иктидори назаррас вучуд дорад. Чонибхо зарурати чустучуи роххои нави хамкориро таъкид намуданд, ки ба тахкими робитахои иктисоди ва фарохам овардани шароити мутакобилан судманд барои хамаи иштирокчиён имкон медиханд.

АКСХО: вазорати саноат ва технологияхои нави Чумхурии Точикистон

error: