Намояндагони донишгохи Байналмилалии сайёхи ва сохибкории Точикистон дар яке аз бузургтарин намоишгоххои чахонии сайёхи — ITB Berlin 2025 иштирок намуданд.
Чорабини барои муаррифии иктидори сайёхии Точикистон, дастовардхо дар омодасозии кадрхо барои сохаи сайёхи ва хизматрасони, инчунин тахкими хамкорихои байналмилали платформаи мухим гардид.

ITB Berlin бузургтарин намоишгохи байналмилалии сайёхи мебошад, ки хамасола ширкатхои пешрафта, коршиносон ва намояндагони муассисахои таълимиро аз тамоми чахон чамъ меорад. Иштироки Точикистон дар чунин чорабини таваччухи афзоянда ба кишварро хамчун самти ояндадори сайёхи таъкид мекунад.
Хайати донишгохи Байналмилалии сайёхи ва сохибкории Точикистон тахти рохбарии ректори институти Байналмилалии Левакант Саидмахмуд Саидзода:
Иктидори сайёхии Точикистон: манзарахои беназири табии, мероси фарханги ва имкониятхо барои сайёхии экологи, кухи ва фарханги.
– Дастовардхо дар сохаи маориф: барномахои инноватсионии таълими кадрхо барои сохаи сайёхи ва мехмоннавози.
– Тачрибаи хамкории байналмилали: лоихахои муваффак дар сохаи мубодилаи дониш ва технология.
Дар доираи намоишгох бо намояндагони ширкатхои пешрафтаи чахони дар сохаи сайёхи ва мехмоннавози вохурихо баргузор шуданд. Мавзуъхои асосии гуфтушунидхо: рушди хамкории таълими, табодули тачриба дар сохаи тайер намудани мутахассисон барои сохаи сайёхи, чалби сармоягузори ба инфрасохтори сайёхии Точикистон.
Иштирок дар ITB Berlin як кадами мухим барои пешбурди Точикистон дар арсаи байналмилали мебошад. Он ба баланд бардоштани чолибияти сайёхии кишвар, тахкими обруи Точикистон хамчун маркази омодасозии кадрхои баландихтисос барои сайёхи, рушди муносибатхои шарики бо бозигарони пешкадами саноати чахонии сайёхи мусоидат менамояд.
АКСХО: донишгохи байналмилалии сайёхи ва сохибкории Точикистон