Точикистон дар майдони СММ дар Ню Йорк катъномаи зехни сунъиро пешниход намуд – ИА Караван Инфо
Точикистон дар майдони СММ дар Ню Йорк катъномаи зехни сунъиро пешниход намуд

Дар кароргохи СММ дар Ню-Йорк бо ташаббуси Точикистон бахс баргузор шуд, ки дар доираи он катънома оид ба рушди зехни сунъи (ЗС) пешниход намуда шуд. Ташаббуси Точикистон аз чониби намояндагони доимии як катор давлатхо дастгири ёфт, ки ахамияти онро барои пешрафти технологии чахони кайд намуданд.

Хайати Точикистонро дар чорабини вазири саноат ва технологияхои нав Шерали Кабир, директори Агентии инноватсия ва технологияхои ракамии назди Президенти Чумхурии Точикистон Хуршед Мирзо ва намояндаи доимии Чумхурии Точикистон дар назди СММ Чониб Хикмат рохбари намуданд.

Катъномаи Точикистон якчанд ташаббусхои мухимро дар бар мегирад, ки ба рушди зехни сунъи дар Осиёи Маркази нигаронида шудаанд.

Дар байни онхо:

1.        Таъсиси маркази Минтакавии ЗС, ки платформаи ягона барои муттахид намудани захирахои хисоббарори (AI compute), мубодилаи маълумот (data-sharing) ва лоихахои муштараки илми-тадкикоти (R&D) хохад буд.

2.        Дастгирии стартапхо дар сохаи ЗС тавассути механизмхои худтанзимкунии уфуки, ки ба инноватсия ва рушди пешрафта дар минтака мусоидат мекунад.

3.        Ташаккули фазои умумии худтанзимкунии зехни сунъи, ки ба рушди бехатар ва самараноки технология мусоидат мекунад.

Точикистон хамкорихои байналмилалиро дар сохаи зехни сунъи, инноватсия ва технологияхои раками фаъолона рушд медихад. Катъномаи пешниходшуда хохиши кишварро барои эчоди экосистемаи устувори ЗС таъкид мекунад, ки на танхо ба пешрафти минтакави, балки ба пешрафти технологии чахони низ мусоидат хохад намуд.

Ташаббуси Точикистон кадами мухим дар тахкими муколама Миёни Кишвархои Осиёи Маркази ва чомеаи чахони дар сохаи технологияхои оли гардид.

Аксхо: вазорати саноат ва технологияхои нав

error: