Намояндаи расмии Департаменти давлатии ИМА Тэмми Брюс изхор дошт, ки Иёлоти муттахида аз имзои созишнома дар бораи делимитатсия ва демаркатсияи марз байни Точикистон ва Киргизистон истикбол намуда, ахамияти онро барои суботи минтакави кайд намудааст.

“Иёлоти Муттахида Точикистон ва Чумхурии Киргизистонро бо созишномаи таърихии худ дар бораи делимитатсия ва демаркатсияи тамоми сархади худ табрик мекунад. Ин дастовард ухдадорихои хукуматхои онхоро ба дипломатия ва суботи минтакави инъикос мекунад”, — гуфта мешавад дар изхорот.
Департаменти Давлати таъкид намуд, ки халли бахсхои сархади яке аз вазифахои мушкилтарини дипломати буда, барои “дурандеши ва катъияти рохбарони харду кишвар дар рафъи монеахо” изхори сипос намуд.
“Иёлоти муттахида умедвор аст, ки ин созишномаи барчаста дархоро барои тичорати фаъол, тахкими робитахои байни халкхо ва афзоиши сарват ва сулх хам дар харду кишвар ва хам дар минтака боз мекунад” гуфт Тэмми Брюс.
Аксхо: аз манбаъхои кушода