Президенти Киргизистон Садир Жапаров бо ташаббуси чори намудани низоми бидуни раводид байни кишвархои Осиёи Маркази баромад намуд. Вай кайд намуд, ки хамаи давлатхои минтака масъалахои марзиро ба таври нихои хал намуданд, ки ин кадами мухим барои ба рох мондани сулху суботи дарозмуддат буд.

“Аз ин лахза дар Осиёи Маркази сулхи абади ба вучуд омад. Холо кишвархои минтака бояд раванди чори намудани режими бидуни раводидро огоз кунанд” навиштааст Жапаров.
Илова бар ин, президенти Киргизистон пешниход намуд, ки имкони чори намудани раводиди ягона барои хоричиен, ки ба раводиди шенген дар иттиходи Аврупо монанд аст, барраси намуда шавад. Чунин икдом, ба андешаи у, метавонад ба рушди сайёхи, тахкими робитахои иктисоди ва баланд бардоштани чолибияти минтака дар арсаи байналмилали мусоидат кунад.
Ташаббуси Жапаров талошхои Кишвархои Осиёи Марказиро барои хамгироии наздиктар ва фарохам овардани шароит барои харакати озоди шахрвандон таъкид мекунад, ки ин метавонад мархилаи мухим дар тахкими хамкорихои минтакави бошад.
Аксхо: аз манбаъхои кушода