Ширкати Хавопаймоии “Сомон Эйр” парвозхои мунтазамро аз тарики Хатсайри “Душанбе – Красноярск – Душанбе” аз нав огоз менамояд. Огоз аз 14 апрел, парвозхо хар хафта рузи душанбе сурат мегиранд, мусофирон метавонанд байни Ппойтахти Точикистон ва Красноярск парвоз кунанд.
Парвозхо дар ин хатсайр бо хавопаймохои Boeing 737-800 ва Boeing 737-900 анчом дода мешаванд, ки сатхи баланди бехатари ва кулайи мусофиронро таъмин мекунанд.
“Баркароршавии парвозхо байни Душанбе ва Красноярск хохиши Ширкати Хавопаймоии “Сомон Эйр” – ро барои васеъ намудани шабакаи хатсайрхо ва таъмини робитахои кулай байни нуктахои мухими Точикистону Русия инъикос менамояд. Он инчунин як кадами мухим барои тахкими робитахои фарханги ва иктисодии байни кишвархо мебошад.
“Сомон Эйр” ухдадор аст, ки ба мизочони худ хизматрасонии босифат расонад ва парвозхои саривактиро кафолат дихад, ки ин ширкатро барои сайехон ва инчунин барои сохибкороне, ки бояд мунтазам байни Точикистон ва Русия сафар кунанд, интихоби боэътимод месозад”, – изхор дошт Директори генералии Ширкати Хавопаймоии “Сомон Эйр” Абдулкосим Валиев.

АКСХО: аз манбаъхои кушода