Дар Душанбе фестивал-озмуни чумхуриявии театрхои касбии «Парасту»  баргузор мешавад – ИА Караван Инфо
Дар Душанбе фестивал-озмуни чумхуриявии театрхои касбии «Парасту»  баргузор мешавад

Аз 14 то 21 апрел дар Душанбе фестивал-озмуни чумхуриявии театрхои касбии “Парасту” бахшида ба 35-солагии истиклолияти давлати баргузор мегардад.

Тавре Вазорати фарханги Чумхурии Точикистон хабар медихад, фестивал ба рушди драматургия ва санъати миллии театри, эчод ва муаррифии асархои баландсифати ватани, инчунин баланд бардоштани махорати касбии коргардонхо, актёрхо ва рассомон равона шудааст.

Фестивал-озмуни чумхуриявии театрхои касби «Парасту» анъанави аст ва хар ду сол бо иштироки театрхои касбии кишвар гузаронида мешавад.

Дар фестивал 18 театри касбии чумхури иштирок мекунанд, ки бехтарин намоишхои дар сахнахои кишвар дар солхои 2023-2024 намоиш додашударо пешниход мекунанд.

Номинатсияхои озмун аз чониби коршиносони санъати театри аз Точикистон, Узбекистон, Казокистон ва Русия арзёби намуда мешаванд.

Анчоми фестивал-озмун 21 апрел соати 17:30 дар театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айни баргузор мешавад.

АКСХО: Вазорати фарханги Чумхурии Точикистон

error: