Дар Абу-Даби чалби сармояи ADFD барои идомаи сохтмони неругохи барки обии “Рогун” барраси шудааст – ИА Караван Инфо
Дар Абу-Даби чалби сармояи ADFD барои идомаи сохтмони неругохи барки обии "Рогун" барраси шудааст

Масъалаи чалби сармоя барои идомаи сохтмони НБО Рогун дар мулокоти Раиси кумитаи Давлатии сармоягузори ва идораи амволи давлатии Чумхурии Точикистон Султон Рахимзода бо директори Генералии Фонди рушди Абу-Даби (ADFD) Мухаммад Саиф Ал Сувайди дар Аморати Муттахидаи Араб барраси шуд.

Султон Рахимзода иктидори васеи Энергетикии Точикистонро, бахусус дар сохаи энергетикаи “сабз” муаррифи намуд ва аз ADFD даъват намуд, ки барои татбики лоихаи Неругохи Барки Обии Рогун ва дигар лоихахои инфрасохтори сармоягузори кунад.

Ал Сувайди аз хамкории дучониба ва омодагии ADFD барои баррасии имконияти сармоягузори ба сохахои афзалиятноки Точикистон, аз чумла ба энергетика изхори каноатманди намуд. У кайд намуд, ки ADFD дар маблаггузории лоихахои инфрасохтори дар кишвархои мухталиф тачрибаи бой дорад ва ният дорад ин хамкориро бо Точикистон густариш дихад.

Неругохи барки обии “Рогун”, ки дар дарёи Вахш сохта мешавад, пас аз ба итмом расидани сохтмон бузургтарин неругохи Барки обии Осиёи Маркази бо иктидори 3600 мегаватт хохад шуд. Ин неругохи барки оби на танхо талаботи дохилии Точикистонро ба неруи барк таъмин мекунад, балки имкон медихад, ки неруи барк ба кишвархои хамсоя содир намуда шавад.

Мулокот хамчун кадами мухим дар тахкими хамкорихои иктисоди ва чалби сармояи хоричи барои татбики лоихахои стратегии Точикистон, аз чумла НБО Рогун арзёби мешавад.

АКСХО: кумитаи Давлатии сармоягузори ва идораи амволи давлатии Чумхурии Точикистон

error: