Дар Душанбе конфронси Байналмилалии “Хамкории системахои миллии таълимии кишвархои ИДМ” баргузор мешавад – ИА Караван Инфо
Дар Душанбе конфронси Байналмилалии "Хамкории системахои миллии таълимии кишвархои ИДМ" баргузор мешавад

Аз 8 то 12 апрел дар Душанбе конфронси байналмилалии илми-таълими бо номи “Хамкории системахои миллии таълимии кишвархои Иттиход хамчун омили баланд бардоштани сифати таълим дар фазои ИДМ” баргузор мешавад. Дар конфронс муаллимон, омузгорон ва намояндагони ташкилотхои таълими аз кишвархои иштирокчии ИДМ иштирок мекунанд.

Максади асосии конфронс табодули тачриба дар сохаи методикаи таълим, идоракунии ташкилотхои таълими, инчунин мухокимаи масъалахои таъмини тахсилоти дастрас ва босифат мебошад. Дар чараёни кори конфронс иштирокчиён мавзуъхои мухимро ба монанди ракамисозии таълим, чори намудани равишхои инноватсиони ва рушди шарикии стратеги байни ташкилотхои таълими барраси хоханд намуд.

Барномаи конфронс на танхо презентатсияхо, мизхои мудаввар ва маърузахои илми, балки ташрифи муассисахои пешрафтаи илмию таълимии Точикистонро низ дар бар мегирад. Ин ба иштирокчиён имконият медихад, ки бо модели амалкунандаи раванди таълим дар кишвар шинос шаванд ва инчунин дар тахияи фахмиши мувофикашудаи вазифахои тахсилоти муосир кумак расонанд. Инчунин тахлили мукоисавии тамоюлхои асосии рушди маориф дар кишвархои ИДМ ба накша гирифта шудааст.

Ташкилкунандаи чорабини Кумитаи тахсилоти ибтидои ва миёнаи касбии назди Хукумати Чумхурии Точикистон бо дастгирии фонди Байнидавлатии хамкории гуманитари давлатхои иштирокчии ИДМ мебошад.

Аксхо: аз манбаъхои кушода

error: