Дар Душанбе аз 29 то 31 май чорабинии мухими байналмилали — Конфронси сатхи баланд оид ба хифзи пиряххо баргузор мегардад, ки дар халли масъалахои глобалии экологии вобаста ба тагйирёбии иклим ва обшавии пиряххо мухим хохад буд.

Дар конфронси дарпешистода намояндагони созмонхои байналмилали, олимон ва коршиносон чамъ меоянд, то ахамияти хифзи пиряххоро, ки манбаи асосии оби тоза барои миллиардхо одамон дар саросари чахон мебошанд, мухокима кунанд. Интизор меравад, ки ин чорабини як кадами мухим дар самти тахияи карорхои дастачамъи барои хифзи пиряххо ва захирахои об бошад.
Зимни ифтитохи чорабини директори Маркази лоихахои сармоягузории Кумитаи хифзи мухити зисти назди Хукумати Чумхурии Точикистон Мухибулло Чунайдуллозода ахамияти конфронси дарпешистодаро таъкид намуда, кайд намуд, ки он на танхо хамчун платформаи табодули дониш хизмат мекунад, балки барои таквияти талошхои глобалии хифзи пиряххо хамчун нуктаи ибтидои пешбини шудааст.

“Точикистон тахти рохбарии Президенти Чумхурии Точикистон Эмомали Рахмон рузномаи байналмилалиро дар сохаи хифзи захирахои об ва иклим фаъолона пешбари менамояд. Катъномаи СММ дар бораи эълони соли 2025 хамчун соли Байналмилалии хифзи пиряххо намунаи барчастаи эътирофи талошхои кишвари мо дар арсаи чахони мебошад” гуфт Мухибулло Чунайдуллозода.
Вай хамчунин кайд намуд, ки ташаббуси Точикистон, ки аз чониби СММ дастгири мешавад, таърихан мухим ва беназир аст, зеро Ассамблеяи Генерали якбора чор пешниходи Точикистонро кабул намуд, аз чумла баргузории конфронси Байналмилали дар соли 2025 дар Душанбе.
Ба гуфтаи намояндаи Бонки осиёии Рушд Татяна Евстифеева, обшавии босуръати пиряххо ба экосистемахо ва хаёти беш аз 2 миллиард нафар тахдид мекунад, ки барои оби нушоки, энергия ва воситахои зиндаги аз дарехои пиряххо вобастаанд. Дар ин замина, чорахои фаври барои пешгирии офатхои экологи ва хифзи захирахои хаётан мухим заруранд.
Бонки осиёии рушд ташаббуси Точикистонро тавассути барномаи “Пиряххо ба фермахо” дастгири мекунад, ки ба истифодаи устувори об ва кишоварзи дар Осиёи Маркази ва Гарби, аз чумла Точикистон мусоидат мекунад. Барнома сафарбаркуниро то 3,5 миллиард доллар барои халли мушкилот пешбини мекунад.
Мухибулло Чунайдуллозода ба хулосае омад, ки барои ба даст овардани устувори дар халли мушкилоти экологи хамкории фаъоли хамаи кишвархо барои мубориза бо тахдидхои тагйирёбии иклим мухим аст.
Конфронси дарпешистодаи сатхи баланд дар Душанбе дар талошхои глобали барои хифзи пиряххо ва хифзи захирахои об, ки барои ояндаи тамоми инсоният ахамияти халкунанда доранд, накши мухим хохад бозид.
АКСХО: Кумитаи хифзи мухити зисти назди Хукумати Чумхурии Точикистон