ДУШАНБЕ, 16 апрели соли 2025-АИ Караван Инфо. 15 апрел мулокоти директори Агентии авиатсияи граждании назди Хукумати Чумхурии Точикистон Хабибулло Назарзода бо директори агентии давлатии авиатсияи граждании назди Кабинети вазирони Чумхурии Киргизистон Данияр Бостон Ва директори генералии ГК “Киргизистон Эронавигатсия” Торокелди Омуров баргузор гардид.

Дар мулокот масъалахои зиёд намудани шумораи парвозхо аз тарики Хатсайрхои Душанбе – Бишкек – Душанбе ва Хучанд – Бишкек – Хучанд, кушодани хатсайрхои нав ба самти Душанбе – Иссиккул ва Хучанд – Иссиккул, тахкими хамкорихои дучониба дар самти таъмини бехатарии парвозхо ва бехатарии авиатсиони, инчунин баланд бардоштани ракобатпазирии сохаи авиатсияи граждани барраси шуданд.
Пас аз мулокот бо максади баланд бардоштани сатхи дониш ва малакаи касбии мутахассисони сохаи авиатсияи граждани лоихаи “Меморандуми хамкори байни Агентии авиатсияи граждании назди Хукумати Чумхурии Точикистон ва агентии давлатии авиатсияи граждании назди Кабинети вазирони Чумхурии Киргизистон” ба имзо расид.
Бояд кайд намуд, ки баргузории чунин вохурихо дар рушди сохаи авиатсияи граждании кишвар накши муассир дорад.
АКСХО: Агентии авиатсияи граждании назди Хукумати Чумхурии Точикистон