Дар Панчакент идоракунии стратегии захирахои оби хавзаи Зарафшон барраси шуд – ИА Караван Инфо
Дар Панчакент идоракунии стратегии захирахои оби хавзаи Зарафшон барраси шуд

ПАНЧАКЕНТ, 22 апрел, АИ «Караван Инфо».  Дар Шшахри Панчакент чаласаи хафтуми шурои хавзаи дарёи Зеравшан баргузор гардид, ки дар он намояндагони Вазорати энергетика ва захирахои оби Чумхурии Точикистон, Макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати, инчунин шарикони милли ва Байналмилали оид ба рушд иштирок намуданд.

Дар рузнома мухокимаи лоихаи Накшаи идоракунии захирахои оби хавзаи Зарафшон, ки тибки методологияи нав, ки аз чониби Вазорати энергетика ва захирахои оби кишвар тасдик шудааст, тахия намуда мешавад.

Хавзаи Дарёи Зарафшон барои як катор нохияхои вилояти Сугд манбаи мухими оби тоза буда, идоракунии устувори он унсури калидии амнияти озукавори, экологи ва иктисодии минтака мебошад.

Накша пешбини мекунад:

– бахисобгирии манфиатхои хамаи истифодабарандагони об;

– арзёбии эхтиёчоти чори ва ояндаи об;

– чори намудани амалияхои истифодаи окилонаи об;

– тадбирхои мутобикшави ба тагйирёбии иклим.

Иштирокчиёни чаласа омодагии худро барои хамкории минбаъда дар хама сатххо — аз сохторхои маркази то хочагихои дехкони то чамоатхои махалли изхор намуда, ахамияти муносибати хамгирошуда ва фарогирро ба идоракунии захирахои об таъкид намуданд.

Инчунин, зарурати чалби дастгирии коршиносон ва маблаггузории созмонхои байналмилали, алахусус дар масъалахои баланд бардоштани самаранокии об, навсозии инфрасохтор ва мониторинги экологи кайд намуда шуд.

АКСХО: аз манбаъхои кушода

error: