Душанбе, 22 апрел, АИ «Караван Инфо». Вилояти мухтори кухистони Бадахшон дубора зери зарбаи олами табии карор гирифт. Дар давоми як шабонарузи охир минтака якбора якчанд ходисахои фавкулоддаро аз сар гузаронид: селхо, сангпорахо ва шамолхои шадид, ки ба вайроншавии инфрасохтор оварда расониданд.

Субхи 21 апрел, соати 09:50, дар километрхои 423 ва 427-уми рохи Автомобилгарди Душанбе – Дарвоз – Ванч – Хоруг, дар нохияхои Оташак Зелолак ва дехаи Чапарак сангрези ба амал омад. Дар натичаи ин харакат дар рох муваккатан катъ намуда шуд.
Соати 10: 43, хамаги як соат пас, чараёни сел харакатро дар километри 29-уми рохи Рушон – Бартанг, дар наздикии дехаи Хичоз катъ намуд. Ин самт ахамияти чумхурияви дорад ва бастани он барои сокинони махалли ва наклиёт мушкилоти чидди эчод намудааст. Дар айни замон корхо оид ба тозакуни ва баркарорсозии рох идома доранд.
Шоми хамон руз, соати 19: 45, дар дехаи Делохи нохияи Ишкошим, шамоли шадид боми хонаи истикоматиро канда бурд. Хушбахтона, он бе курбони ва зарари чидди гузашт.
Начотдихандагон ва хадамоти рох зуд ба бартараф намудани окибатхо шуруъ намуданд. Бо вучуди релефи мураккаб ва шароити обу хаво, кушишхо барои баркарор намудани дастрасии наклиёти ва бехатарии ахоли идома доранд.
Ин ходисахо хотиррасон мекунанд, ки минтакахои кухи дар баробари офатхои табии то чи андоза осебпазиранд. Пешгуи ва пешгири калиди кам намудани зарар ва хифзи хаёт мебошад.
Аксхо: аз манбаъхои кушода