Душанбе, 25 апрел, -АИ «Караван Инфо». Сахми Точикистон дар рушди моликияти зехни ва дигаргунсозии раками дар доираи Форуми XVI Байналмилалии “рушди Инноватсиони тавассути бозори моликияти зехни”, ки 24 апрел дар Москва баргузор шуд, муаррифи гардид.

Яке аз майдончахои калидии форум бахши 8-ум буд, ки дар Агентии инноватсия ва технологияи ракамии назди Президенти Чумхурии Точикистон баргузор гардид.
Ташкилкунандагони форум таъкид мекунанд, ки бори аввал формати чорабини хам чаласахои онлайни ва хам офлайнро дар бар гирифта, ба Точикистон имкон дод, ки иштирокчии фаъоли муколамаи глобали дар сохаи инноватсия гардад.
Дар кори сексияи Точикистон иштирок намуданд:
- Мирзо Исмоилзода, директори муассисаи давлатии “маркази миллии патенти-иттилоотии назди Вазорати рушди иктисод ва савдои Точикистон;
- намояндагони академияи миллии илмхо;
- олимон ва омузгорони муассисахои тахсилоти олии кишвар.
Мирзо Исмоилзода инчунин, дар чаласаи умумии форум дар Москва суханрони намуда, ахамияти моликияти зехниро хамчун пуштибонии системаи миллии инноватсиони ва манбаи рушди иктисоди таъкид намуд.
Дар доираи сексия презентатсияхо дар мавзуъхои зерин пешниход намуда шуданд: химояи хукуки муаллиф дар шароити ракамикунони, накши фарханги патенти дар иктисодиети дониш, чалби чавонон ба равандхои инноватсиони.
Таваччухи махсус ба хамкории байналмилали, зарурати хамохангсозии стандартхо, инчунин пешбурди ихтирооти милли ба бозори чахони дода шуд.
Форум дар Москва платформаи на танхо табодули тачриба, балки намоиши накши афзояндаи Точикистон дар мухити байналмилалии зехни ва раками гардид. Суханронихои коршиносони точик нишон доданд, ки кишвар бо бовари ба самти бунёди иктисодиёти ба дониш ва технология асосёфта бо максади рушди устувор ва ракобатпазирии байналмилали харакат мекунад.
АКСХО: муассисаи давлатии “маркази миллии патенти-иттилооти”