Москва, 27 апрели соли 2025 – АИ Караван Инфо. Чумхурии Казокистонро дар паради бахшида ба Рузи Галаба 9 май дар Москва хисоби парадии хизматчиёни харбии бригадаи 37-уми десанти-тахдирии кушунхои Десанти-тахдирии ба номи Кахрамони Иттиходи Шурави генерал-майор Иван Панфилов намояндаги мекунад.

Дар аэродроми Харбии Чкаловский десантчиёни казокистонро атташе оид ба масъалахои мудофиаи Вазорати мудофиаи Казокистон дар Федератсияи Русия Генерал-лейтенант Талгат Койбаков пешвоз гирифт, ки ба чанговарон хохиш намуд, ки кишвари худро дар ин чорабинии таърихан мухим муаррифи кунанд.
Хисоби парадиро фармондехи бригадаи 37-уми десанти-тахдиди полковник Алмас Тулегенов рохбари мекунад, ки бо ордени “Айбин” дарачаи дуюм ва медали “Жауингерлик үлиги ишин” (Барои часорати харби) мукофотонида шудааст. Дар хайати хисоби паради 80 нафар хизматчии харби, аз чумла афсарон, хизматчиёни харби аз руи шартнома ва сарбозони хизмати фаври. Бригадаи 37-уми Десанти – тахдиди ба хайати куввахои Дастачамъии Вокуниши оперативии Созмони Шартномаи амнияти дастачамъи дохил мешавад ва дар омодагии доимии чанги карор дорад, ки вазифахои мухимро оид ба таъмини амнияти кишвар ва иштирок дар амалиёти зиддитеррористи ичро мекунад.
Сурат: ВМ ЧК