Душанбе, 15 май, АИ Караван Инфо. То санаи 10 май дар анборхои нохияи Чаббор Расулови вилояти Сугд беш аз 2100 тонна пиёзи барвакти нигох дошта мешавад, хабар медихад макомоти Ичроияи хокимияти давлатии вилояти Сугд.

Тавре кайд намуда мешавад, пиёз асосан аз вилояти Хатлон, аз чумла аз нохияхои Шахритус, Чайхун ва шахри Турсунзода ворид намуда мешавад.
Дар айни замон дар нуктахои нигохдори такрибан 800 нафар бо корхои мавсими машгуланд. Тибки накша, ин шумора то 1700 нафар зиёд намуда мешавад.
Ба шахсони масъул барои зиёд намудани содироти пиёзхои барвакти, бехтар намудани шароити кор, инчунин дастгирии сохибкорон ва дехконон супоришхо дода шуданд.
Дар чамоати Мехрободи вилояти Сугд анбори 1,17 гектара мавчуд аст, ки соли 2021 ба истифода дода шудааст. Дар ин чо пиёзхои бастабандишуда барои содирот ба Федератсияи Русия нигох дошта мешаванд.
Танхо дар моххои май ва июн ба накша гирифта шудааст, ки зиёда аз 6000 тонна пиёз захира намуда шавад. Илова бар ин, дар давраи тирамох — октябр ва ноябр — барои нигохдории зимистон 1000 тонна пиёз тайёр намуда мешавад.
Дар айни замон дар нохия 9 нуктаи асосии нигохдори амал мекунад, ки аз он пиёз ба кишвархои хоричи, аз чумла ба Казокистон ва Русия содир намуда мешавад.
Аксхо: Макомоти Ичроияи хокимияти давлатии вилояти Сугд