Точикистон тачрибаи шахрсозии устуворро дар форуми байналмилалии Казон муаррифи намуд – ИА Караван Инфо
Точикистон тачрибаи шахрсозии устуворро дар форуми байналмилалии Казон муаррифи намуд

Душанбе, 20 май, АИ Караван Инфо. Тачриба ва дурнамои Точикистон дар сохаи рушди устувори шахрхо, ракамикунонии сохаи сохтмон ва чори намудани стандартхои “сабз” дар форуми 16-уми байналмилалии иктисодии “Русия — Чахони Ислом: Kazan Forum 2025”, ки 15-16 май дар Казони Федератсияи Русия баргузор гардид, муаррифи гардид.

Дар форум Раиси Кумитаи меъмори ва сохтмони назди Хукумати Чумхурии Точикистон Низом Мирзозода иштирок намуда, дар мавзуи: “тачрибаи Байналмилалии рушди худуди: давлат, савдо ва сармоя” баромад намуд. Дар суханронии худ у ба накши равишхои инноватсиони дар меъмори ва сохтмон, тачрибаи Точикистон дар ташаккули мухити устувори шахри ва зарурати хамкорихои байналмилали дар ин самт таъкид намуд.

Дар доираи форум инчунин вохурихои дучониба баргузор шуданд, ки дар чараёни онхо мухокима намуда шуданд:

  • Лоихахои муштарак дар сохаи шахрсози ва меъмори;
  • Тахия ва мутобиксозии хуччатхои меъери бо назардошти стандартхои байналмилали;
  • Татбики технологияхои моделсозии иттилооти (BIM) ва халли раками дар сохтмон;
  • Тайёр намудани кадрхо дар сохаи меъмори, мухандиси ва мухандисии сохтмон;
  • Табодули тачриба дар сохаи банакшагирии устувори шахр.

Иштирок Точикистон дар Kazan Forum 2025 хохиши кишварро барои иштироки фаъолона дар рузномаи чахони оид ба рушди устувор, дигаргунсозии раками ва сохтмони ба мухити зист нигаронидашуда нишон дод.

Аксхо: Кумитаи меъмори ва сохтмони назди Хукумати Чумхурии Точикистон

error: