Санаи 18 июли Соли 2024 дар Чопон маросими супоридани эътимодномахои Сафири Фавкулодда ва Ваколатдори Чумхурии Точикистон Фарход Салим ба Императори Чопон Чаноби Оли Нарухито баргузор шуд. Дар ин бора Вазорати корхои хоричии Чумхурии Точикистон хабар дод.

Императори Чопон ба Президенти Чумхурии Точикистон мухтарам Эмомали Рахмон хохиши самими дода, ахамияти масъалахои тагйиребии иклим, окибатхои он ва ташаббусхои байналмилалиро таъкид намуд.
Сафири Точикистон дар Чопон ташаббусхои глобалии Президенти Чумхурии Точикистонро дар ин самт махсус кайд намуда, ахамияти хамкориро дар доираи ташаббуси “2025-соли Байналмилалии хифзи пиряххо” таъкид намуд.
Ин чорабини муносибатхои дустонаи Точикистону Чопонро ва талошхои ду кишварро барои хамкори дар масъалахои мубрами байналмилали, аз чумла мушкилоти мухити зист ва мушкилоти иклимро таъкид намуд.
Аксхо: Вазорати корхои хоричии Чумхурии Точикистон