Остона, 17 июни соли 2025-АИ «Караван инфо». Дар осорхонаи Миллии Чумхурии Казокистон маросими ифтитохи соли сайёхии Чумхурии Мардумии Чин дар Казокистон, инчунин намоишгохи ” Абрешим ва Рохи Абрешим: аз Чин ба Казокистон” баргузор шуд.

Дар чорабини вазири сайёхи ва варзиши ЧК Ербол Мирзабосинов, Вазири фарханг ва сайёхии ЧХХ Сун Ели, директори осорхонаи Миллии ЧК Берик Абдигалиули, муовини директори осорхонаи миллии абрешими Чин Чжан Ченмин ва дигар мехмонони фахри иштирок намуданд.
Ербол Мурзабосинов таъкид намуд, ки Казокистон ва Чин кишвархои дуст бо робитахои мустахкам мебошанд. Вай кайд намуд, ки муносибатхои байни кишвархо дар доираи ташаббуси “Як камарбанд. Як рох ” ба сатхи нав мебароянд ва сайёхи омили мухими наздикшавии халкхо мегардад.
“Аз тахти дил шуморо бо ифтитохи соли сайёхии Чин дар Казокистон табрик мегуям! Соли гузашта дар Остона Президенти Чумхурии Казокистон Касим-Жомарт Токаев ва Раиси Чумхурии Мардумии Чин Си Чинпин соли 2025-ро “Соли сайёхии Чин дар Казокистон” эълон намуданд. Ин чорабинии имруза идомаи соли бомуваффакияти сайёхии Казокистон дар Чин дар соли 2024 буд. Чорабинии васеъмикёс сахифаи навро дар хамкории сайёхи байни кишвархои мо мекушояд”, – изхор дошт вазири сайёхи ва варзиши ЧК.
Дар доираи соли сайёхии Чин дар Казокистон Ербол Мирзабосинов як катор ташаббусхоро барои дастгирии лоихахои сайёхи пешниход намуд, аз чумла:
- Татбики Барномаи Welcome Chinese дар Казокистон барои фарохам овардани шароити барохат барои сайёхони чини, мутобик намудани мехмонхонахо, ширкатхои турки ва иншоот ба ниезхои онхо.
- Гузаронидани марафони беназири сархади дар марзи сайёхи, варзиш ва фарханг.
- Таквияти харакати академи байни донишгоххои сайёхии ду кишвар барои табодули дониш ва тачриба.
Кайд намуда шуд, ки соли 2024 дар рушди сайёхии мутакобила мархилаи мухим гардид: бо шарофати соли сайёхии Казокистон дар Чин, ки 37 чорабиниро дар бар мегирифт, чараёни сайёхи аз Чин ба Казокистон 78% афзоиш ёфт, аз 367 хазор сайёх дар соли 2023 то 655 хазор дар соли 2024.
Аксхо: Вазорати сайёхи ва варзиши ЧК