Тахсилоти босифат аз кудаки огоз меёбад: Дар Точикистон барномаи нави давлатии рушди тахсилоти томактаби барои солхои 2026-2030 тахия шуда истодааст – ИА Караван Инфо
Тахсилоти босифат аз кудаки огоз меёбад: Дар Точикистон барномаи нави давлатии рушди тахсилоти томактаби барои солхои 2026-2030 тахия шуда истодааст

Душанбе, 20 июн, АИ «Караван Инфо». Дар Вазорати маориф ва илми Чумхурии Точикистон мухокимаи лоихаи Барномаи нави Давлатии рушди тахсилоти томактаби барои солхои 2026-2030 баргузор гардид. Хуччат ба навсозии тамоми системаи тахсилоти томактаби хамчун асос барои ташаккули шахсияти кудак ва хамгироии бомуваффакият ба сатххои минбаъдаи тахсил нигаронида шудааст.

Кайд намуда шуд, ки тахсилоти томактаби хамчун мархилаи аввали системаи маориф дар ташаккули малакахои маърифати, эмотсионали ва ичтимоии кудак накши калиди дорад. Бо дастгирии доимии Президенти Чумхурии Точикистон Мухтарам Эмомали Рахмон он дар сиёсати ичтимоии мамлакат мавкеи афзалиятнокро ишгол намуда, дар “Стратегияи Миллии рушди маориф то соли 2030” мустахкам гардид.

Татбики бомуваффакияти Барномаи солхои 2020-2025 имкон дод, ки фарогирии кудакон бо тахсилоти томактаби, аз чумла аз хисоби шаклхои хусуси ва алтернативи хеле васеъ намуда шавад.

Барномаи нав ба:

* васеъ намудани фарогирии кудакон, махсусан дар минтакахои дурдаст ва дар байни категорияхои осебпазир;

* рушди шарикии давлати-хусуси;

 *чори намудани низоми миллии арзёбии сифати тахсилоти томактаби;

* васеъ намудани барномахои кутохмуддати омодаги барои кудакони 5-6 сола;

* фарохам овардани шароит барои дастрасии баробар ба кудакони эхтиёчоти махсус.

Татбики пурраи барнома танхо бо иштироки фаъолонаи хамаи тарафхо: давлат, бахши хусуси, чомеа ва ташкилотхои байналмилали имконпазир аст. Накши хар як шарики рушд дар сохтани системаи дастрас, босифат ва фарогири томактаби халкунанда хохад буд.

АКСХО: аз манбаъхои кушода

error: