Экспедитсияи дусти: “Сафар ба Дили Авруосиё” дар Тотористон гузашт – ИА Караван Инфо
Экспедитсияи дусти: "Сафар ба Дили Авруосиё" дар Тотористон гузашт

ОСТОНА, 20 июн АИ «Караван Инфо». Дар Тотористон иштирокчиёни экспедитсияи байналмилалии “Сафар ба Дили Авруосиё” бо самимият пешвоз гирифта шуданд. Дарн Зеленодолск мехмононро бо корвон ва барномаи консерти шод намуданд. Сафар ба Казон идома ёфт, ки дар он чо рохбари кумитаи ташкили Ислом Назаралиев бо сарвари чумхури Рустам Миннихонов мулокот намуда, хадафи лоихаи рушди муколамаи фарханги ва гуманитари байни кишвархои Осиёи Маркази ва Русияро пешниход намуд.

Дар доираи сафар вохурихо бо чомеаи тичорати, сессияхо оид ба фазои сармоягузори, чорабинихои Рузи Русия ва Намоиши Дусти баргузор шуданд. Иштирокчиёни экспедитсия инчунин ба Свияжскии таърихи ташриф оварданд ва ба хотири хамкории мутакобила дарахтхо  шинониданд.

Экспедитсия зиёда аз 30 шахри панч кишварро дар бар мегирад ва санаи 22 июл дар Форуми байналмилалии иктисодии Осиёи Маркази дар  шахри Душанбе ба анчом мерасад. Лоиха- фарханг, тичорат, маориф ва дипломатияи халкиро муттахид намуда, барои эътимод ва рушди устувор заминаи мустахкам фарохам меорад.

Аксхо аз манбаъхои кушода

error: