Душанбе, 19 июн, АИ «Караван Инфо». Экспедитсияи беназири сайёхи ва маърифати “Сафар ба дили Авруосиё-2025”, ки санаи 6 июн дар Москва огоз ёфт, шахрхо ва фархангхои фазои бузурги Авруосиёро убур мекунад. Санаи 12 июл экспедитсия ба Точикистон меояд, ки дар он Шарку Гарб, кадиму муосир, таърих ва оянда вомехуранд.

Экспедитсия, ки аз чониби ТЧ “маркази Байналмилалии хамгироии минтакави” бо дастгирии хукуматхо ва бахши хусуси ташкил намуда шудааст, 8000 километрро тай намуда, 5 давлат ва зиёда аз 30 шахрро фаро мегирад. Иштирокчиён аллакай хатсайрро тавассути Москва, Владимир, Арзамас (дехаи Болдино), Чебоксари, Казон, Набережние Челни тай намудаанд ва холо дар Уфа, пойтахти Чумхурии Башкортостан чойгиранд.
Дар хайати экспедитсия такрибан 100 нафар: намояндагони вазоратхо, коршиносон, донишчуён, блогерхо ва рузноманигорон аз кишвархои Авруосиё иштирок доранд. Онхо 25 мошинро бо парчами дусти, сулх ва муколамаи фарханги пайрави мекунанд.
Санаи 12 июл тавассути Хучанд ва Панчакент, ва санаи 19 июл аз ВМКБ экспедитсия расман бо шиори “Корвони Помир” ба Чумхурии Точикистон ворид мешавад. Дар кишвар иштирокчиён ба иншоотхои фарханги-таърихи дар Душанбе, Дангара, Кулоб, Панчакент ва Хучанд ташриф оварда, хар як кишвари иштирокчиро намояндаги мекунанд: Москва (Русия), Чебоксар (Чувашия), Оренбург, Аралск ва Кизилорду (Казокистон).

Максади экспедитсия на танхо шиносои бо мероси фархангии Авруосиё, балки тахкими робитахои дустона ва бародари байни шахрхои минтака мебошад. Тавассути хамкории байни минтакахо ва халкхо, иштирокчиён барои шарикии устувори байнидавлати заминаи мустахкам фарохам меоранд.
Экспедитсия санаи 22 июл дар Пойтахти Точикистон — шахри Душанбе, ки дар он нахустин форуми байналмилалии иктисодии Осиёи Маркази баргузор мешавад, ба анчом мерасад. Дар доираи экспедитсия инчунин гузаронидани зиёда аз 150 чорабинихои фарханги-таълими ва илми-иктисоди ба накша гирифта шудааст.
Хамин тарик, “Сафар ба дили Авруосиё” на танхо рохи шахрхо ва кишвархо аст. Ин рохи дил аст, ки ягонагии халкхо, эхтироми тарафайн ва хохиши умумиро барои шукуфоии тамоми фазои авруосиё човидони мекунад
АКСХО: Кумитаи рушди сайёхии назди ХЧТ