Кумаки башардустона дар хачми 200 тонна аз Узбекистон ба шахри Оши Киргизистон барои кумак ба шахрвандони зарардида пас аз фурупошии сел санаи 14 июли соли 2024 расонида шуд. Кумакро дар рох хокими вилояти Андичони Узбекистон Шухратбек Абдурахмонов хамрохи менамуд. У изхор дошт, ки ба кумаки башардустона хама чизхои зарури дохил мешаванд: либос, хуроквори, гигиена ва масолехи сохтмони. “Ин кумак аз мардуми узбек ва президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев аст”, – илова намуд Ш.Абдурахмонов.

Дар шахри Ош холо корхо оид ба баркарорсозии инфрасохтори дар натичаи чамъшавии чараёни сел зарардида фаъолона идома доранд. Окибатхои офатро зиёда аз 140 хонаи истикомати, 5 минтакаи истирохат ва 8 гузаргохи пиёдагард эхсос намуданд. Илова бар ин, бозори маркази ва боги Навои зарар диданд. Дар робита ба ин, вазъ дар шахри Ош расман фавкулодда эътироф шудааст. Кормандони хадамоти фавкулодда барои ба эътидол овардани вазъ ва кумак ба зарардидагон тамоми чорахои фавриро меандешанд.

Аксхо: Turmush.kg