Точикистон чонибдори муттахидсозии талошхои кишвархои СХИ дар муковимат ба тахдидхо ва тахкими шарикии иктисоди мебошад – ИА Караван Инфо
Точикистон чонибдори муттахидсозии талошхои кишвархои СХИ дар муковимат ба тахдидхо ва тахкими шарикии иктисоди мебошад

Душанбе, 24 июн, АИ «Караван Инфо». Вазири корхои хоричии Чумхурии Точикистон Сирочиддин Мухриддин дар чаласаи 51-уми вазирони корхои хоричии Созмони хамкории исломи (СХИ), ки дар Истамбул (Туркия) баргузор гардид, иштирок ва суханрони намуд. Дар чорабини сарони давлатхо, вазирони корхои хоричи ва хайатхои расмии кишвархои узви СХИ иштирок намуданд.

Тавре Вазорати корхои хоричии Точикистон хабар дод, дар рузномаи чаласа масъалахои суботи минтакави, вазъи кунунии Давлати Фаластин, мубориза бо терроризму ифротгароии байналмилали, инчунин шиддат гирифтани бухрон дар муносибатхои байни Исроил ва Эрон чой доштанд.

Вазири корхои хоричии Точикистон дар мулокот ахамияти амалхои дастачамъи ва хамохангшудаи кишвархои узви созмони хамкории Шанхайро дар шароити афзояндаи чолишхо таъкид намуд. Вай дар бораи тадбирхои самарабахши Хукумати Точикистон оид ба мубориза бо терроризм, пешгирии радикализатсия ва тахкими амнияти минтакави маълумоти муфассал дод.

Дар суханронии у ба масъалахои рушди ичтимоию иктисоди диккати махсус дода шуд. Сирочиддин Мухриддин кайд намуд, ки густариши хамкорихои тичоративу иктисоди байни кишвархои СХИ, аз чумла татбики барномахо ва лоихахои муштарак дар рафъи камбизоати, таъсиси чойхои кори ва рушди устувори давлатхои чахони ислом накши калиди дорад.

Дар натичаи чаласа вазирон чонибдории Оинномаи СХИ, хамбастаги бо мардуми Фаластин, инчунин зарурати идомаи талошхои сиёси ва дипломатиро барои кохиш додани низоъхои минтакави ва тахкими вахдати исломи тасдик намуданд.

АКСХО: Вазорати корхои хоричии Чумхурии Точикистон

error: