Соддагардонии расмиёти савдо дар СММ мухокима намуда шуд – ИА Караван Инфо
Соддагардонии расмиёти савдо дар СММ мухокима намуда шуд

Аз 11 то 12 июли соли 2024 Муовини Вазири рушди иктисод ва савдо Нуриддинзода Ахлиддин Нуриддин дар чаласаи 30-юми Маркази Созмони Милали Муттахид оид ба содда намудани расмиёти савдо ва тичорати электрони (UN/CEFACT) дар Женева иштирок намуд.

Муовини Вазир дар мавзуи «Накши пайваст намудани усулхои зехнии марбут ба иклим ва тичорати раками, инчунин долонхои наклиёти барои мусоидат ба хамгироии минтакави ва чахони ва рушди устувор» суханрони намуд. Дар рафти суханронии худ у зарурати такмили фаъолияти барномаи Махсуси СММ оид ба иктисоди Осиеи Маркази (SPECA) — ро таъкид намуд.

Хамчунин, дар бораи кори дар Точикистон гузаронидашуда дар доираи соддагардонии расмиёти тичорати дар асоси дастури Президенти Чумхурии Точикистон Эмомали Рахмон гуфта шуд.

Нуриддинзода Ахлиддин Нуриддин, ки хамзамон Раиси гурухи кории SPECA оид ба савдо мебошад, дар бораи кори муштараки минтакави маълумот пешниход намуд ва кайд намуд, ки барои тахкими хамкорихои тичоративу иктисоди мувофика намудани он бо меъёрхои комиссияи Иктисодии СММ Барои Аврупо (EEC СММ) мухим аст.

Аксхо: Вазорати рушди иктисод Ва савдои Чумхурии Точикистон

error: