Президенти Чумхурии Точикистон Эмомали Рахмон бо Президенти Чумхурии Озарбойчон Илхом Алиев мулокот намуд – ИА Караван Инфо
Президенти Чумхурии Точикистон Эмомали Рахмон бо Президенти Чумхурии Озарбойчон Илхом Алиев мулокот намуд

Душанбе, 06 июл, АИ Караван Инфо. Дар доираи Саммити XVII Созмони хамкории иктисоди (СХИ), ки дар шахри Ханкенди баргузор гардид, мулокоти дучонибаи Президенти Чумхурии Точикистон Эмомали Рахмон бо Президенти Чумхурии Озарбойчон Илхом Алиев баргузор гардид.

Президент Эмомали Рахмон ба Сарвари Озарбойчон барои истикболи самимона изхори сипос намуда, сатхи ташкили саммитро баланд арзеби намуда, ахамияти чунин форумхои минтакавиро барои амиктар намудани хамдигарфахми ва хамохангсозии ташаббусхои муштарак таъкид намуданд.

Дар навбати худ Президенти Озарбойчон Илхом Алиев ба Эмомали Рахмон барои кабули даъватнома изхори сипос намуда, ахамияти иштироки Точикистонро дар кори саммит хамчун шарики боэътимод дар минтака кайд намуд.

Зимни сухбати боваринок сарони ду давлат масъалахои мубрами хамкории дучонибаро барраси намуданд. Ба густариши хамкории иктисоди, наклиети ва энергетики, инчунин фаъолсозии робитахои фарханги ва гуманитари диккати махсус дода шуд.

Чонибхо манфиати тарафайнро ба тахкими муколамаи стратегии Точикистону Озарбойчон, ки ба эхтироми тарафайн, манфиатхои умуми ва принсипхои неки хамсояги асос ефтааст, тасдик намуданд.

АКСХО: Хадамоти Матбуоти Президенти Чумхурии Точикистон

error: