Муносибатхои дипломати байни Чумхурии Точикистон ва Чумхурии Киргизистон 14 январи соли 1993 дар асоси робитахои бисёрсолаи дусти ва хамсоягии нек баркарор намуда шуданд. Аз мохи марти соли 1997 дар пойтахтхои харду кишвар сафоратхонахо кушода шуданд ва заминаи хукукии муносибатхои дучониба зиёда аз 100 хуччатро дар бар мегирад.
Санадхои калидии хукуки Шартнома дар бораи принсипхои муносибатхои асосии байнидавлати аз 12 июли соли 1996 ва Шартномаи хамсоягии нек ва хамкори аз 26 майи соли 2004 мебошанд, ки асоси муносибатхо дар давраи се дахсолаи истиклолият гардидаанд.

Дар тули солхои истиклолият сарони ду давлат мунтазам ташриф оварда, робитахои дустона ва хамкориро таквият медоданд. Президенти Точикистон Эмомали Рахмон чор маротиба ба Бишкек ташриф овардааст (январи 1993, майи 1998, майи 2013 ва июни 2021). Мохи марти соли 2025 Сафари давлатии Президенти ЧТ ба Киргизистон баргузор гардид, ки дар рушди муносибатхои дучониба сахифаи нав кушод.
Дар рафти гуфтушунидхо масъалахои мубрам ва дурнамои хамкори муфассал барраси гардида, иштироки якчояи президентхои Точикистону Киргизистон дар маросими ифтитохи ду гузаргохи наздисархади Дар Исфара (Точикистон) ва Ботканд (Киргизистон) махсусан мухим гардид. Ин иншоотхо ба рушд ва тахкими муносибатхои дучониба мусоидат мекунанд ва хамчун рамзи дусти ба таърих ворид мешаванд.
Дар доираи сафари давлати 16 санади мухими дучониба, аз чумла Шартномаи таърихи дар бораи сархади давлати, ки сатхи баланди фарханги сиеси ва сабукихои тарафайнро инъикос мекунад, ба имзо расид.
Хамкории иктисоди дар муносибатхои ду кишвар мавкеи мухимро ишгол намуда, на танхо ба рушди иктисодиёт, балки ба тахкими сулху субот низ мусоидат менамояд. Точикистон ва Киргизистон дар сохахои савдо, наклиёт ва энергетика хамкори намуда, дар рушди Минтакаи Осиёи Маркази сахм мегузоранд.
Тибки маълумоти Вазорати рушди иктисод ва савдои Точикистон, соли 2024 гардиши мол байни кишвархо 12,2 миллион долларро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2023 4,3 фоиз зиёд мебошад. Аз ин маблаг 0,7 миллион доллар содирот ва 11,5 миллион доллар воридот аст. Киргизистон дар байни шарикони тичоратии Точикистон бо хиссаи 0,1% дар чои 30-юм карор дорад.
Дар панч мохи соли 2025 гардиши мол ба 6,1 миллион доллар расид, ки нисбат ба хамин давраи соли 2024 29,8% зиёд аст. Дар баробари ин, содирот 1,3 миллион доллар, воридот 4,8 миллион долларро ташкил дод.
Дар доираи хамкории минтакави, харду кишвар дар кори созмонхое, ба монанди Созмони Шартномаи амнияти дастачамъи, Иттиходи Давлатхои Мустакил, созмони Хамкории Шанхай ва гайра фаъолона иштирок мекунанд. Ин хамкори ба рушди иктисодиёт, амният ва робитахои ичтимои мусоидат мекунад.
Хамкории фарханги ва илмии Точикистону Киргизистон дар тахкими муносибатхои дучониба накши калиди дорад. Идхо ва фестивалхои муштараки фарханги ба рушди хамдигарфахми, дусти ва шарикии стратеги мусоидат мекунанд, ки дар навбати худ пешрафти иктисоди ва ичтимои, инчунин сулх ва суботро дар минтака дастгири мекунанд.
Аксхо: Хадамоти Матбуоти Президенти Чумхурии Точикистон