Москва, 08 июли соли 2025 – АИ «Караван инфо». Русия омода аст, ки дар халли масъалаи хастаии Эрон миёнарав шавад, агар иродаи худи Техрон бошад. Дар ин бора Вазири корхои хоричии ФР Сергей Лавров дар нишасти матбуоти дар Рио-де-Жанейро изхор дошт.

“Агар тарафхо рози бошанд, ки Русия ба наздикшавии мавкеъхо мусоидат кунад, мо омодаем”, — кайд намуд Лавров. – мухим он аст, ки Эрон инро хохад. Мо аллакай дидем, ки ИМА ва кишвархои арабии Халичи Форс, аз чумла Уммон, кушиш мекунанд, ки муколамаро дубора огоз кунанд. Ва Русия низ дар ин кор иштирок намуд, инчунин дар тахияи созишномаи хастаии СВПД, ки аз чониби тамоми чомеаи чахони тасдик шудааст.
ВКХ хотиррасон намуд, ки махз Москва дар якчояги бо Пекин, Вашингтон ва Аврупо яке аз меъморони калидии СВПД буд — накшаи муштараки хамачонибаи амалиёт, ки ИМА дар соли 2018 бекор намуд.
Дар моххои охир эхёи эхтиёткоронаи дипломатия дар атрофи Эрон мушохида мешавад. ИМА ба таври гайрирасми дар бораи омодаги ба даври нави гуфтушунид сигнал медихад. Дар ин замина, накши Русия хамчун пайванд метавонад халкунанда бошад, алахусус дар шароити муковимати чахони ва аз нав тасаввур намудани меъмории амният дар Авруосиё.
Аксхо аз манбаъхои кушода