Владимир Путин: Русия барои пирузи ва оянда ба фронти халки пайваст – ИА Караван Инфо
Владимир Путин: Русия барои пирузи ва оянда ба фронти халки пайваст

Москва, 07 июли соли 2025 – АИ «Караван инфо». Дар форуми «хама чиз барои галаба!», ки дар Москва баргузор шуд, президент Владимир Путин бо як суханронии барномави баромад намуда, таъкид кард, ки имруз тамоми Русия ба як чабхаи ягонаи халки табдил ёфтааст, ки кушишхои худро барои хадафи умумии химояи кишвар ва таъмини ояндаи осоишта муттахид намудааст.

“Мо якчоя як кувваи азим ва шикастнопазир хастем” гуфт Сарвари давлат ва илова намуд, ки миллионхо шахрвандони кишвар чангиёнро на танхо аз чихати маънави, балки аз чихати модди низ дастгири мекунанд. Ба гуфтаи у, русхо барои дастгирии иштирокчиёни амалиёти махсуси низоми беш аз 54 миллиард рубл хайрияхои мардуми чамъовари намуданд.

Путин ба низомиён эхтироми амик зохир намуда, кайд кард, ки дили хамаи шахрвандон бо онхое, ки дар хатти чабха ва оилахои онхо хастанд, мебошад. “Барои оянда, барои амнияти Русия, бачахои мо мечанганд”, – таъкид намуд у.

Президент Генерал-майори кушташуда Владимир Гудковро алохида зикр намуда, уро “офисери хакикии рус” номид, ки то охир вазифаи худро ичро намуд. Дар хотираи у мактаб дар Донетск, муассисаи таълими дар ЧХД ва филиали мактаби харби-бахри дар Мариупол номгузори намуда мешаванд. Ба Генерал инчунин пас аз марг ситораи дуюми тиллоии Кахрамони Русия дода мешавад.

Яке аз мавзуъхои асосии баромад технологияи низомии русия буд. Путин кайд намуд, ки бисёр ихтирооти мухандисони ватани ва “кулибинхо” аз чихати самараноки аз силохи гарби бартари доранд. Аз чумла, хавопаймохои бесарнишини русия, ба гуфтаи у, беш аз 2 миллиард доллар техникаи украинаро нобуд намуданд.

Илова бар ин, Сарвари давлат хабар дод, ки майдони шабакахои никобпушии сохташуда барои чабха ба 20 миллион метри мураббаъ расидааст, ки рамзи иштироки умумихалки дар дастгирии артиш гардид.

Ин хам бе паём ба кишвархои гарби набуд. Путин хотиррасон намуд, ки хукуматхое, ки ба Украина силох медиханд, бояд дар бораи он фикр кунанд, ки маблагхои андозсупорандагон ба кучо мераванд. “Хар кадаре ки кадамхои Зиддирусиягии Гарб таквият дода мешавад хамонкадар зиндагии худи аврупоихо ва амрикоихо бадтар мешавад”, — хулоса намуд у.

Форуми “хама чиз барои галаба!”ин на танхо як гузориш дар бораи кори анчомдодашуда, балки намоиши он буд, ки Русия, ба гуфтаи Путин,”имруз як халк, як кор ва як хадаф аст”.

Хабарнигори РИА

error: