Москва, 13 июли соли 2025 «АИ Караван Инфо». Мушовири калони рахбари олии Эрон оятуллох Али Ларичони тасдик намуд, ки Техрон пешниходхои ИМА-ро дар бораи баркарор намудани гуфтушунидхо оид ба созишномаи хастаи тахкик мекунад. Бо вучуди ин, эътимод ба Вашингтон, бахусус пас аз авчгирии охирин дар минтака, ба таври чидди кохиш ёфтааст, хабар медихад расонахои эрони.

Ба гуфтаи Ларичони, пас аз зарбахои Исроилу Амрико ба иншооти эрони, аз чумла куштори низомиён ва олимони баландпоя ва хамла ба иншооти хастаи дар рузи 22 июн, Эрон эътимоди худро ба вичдони ИМА аз даст дод. Ба акидаи Техрон, ин амалхо Оинномаи СММ ва Шартномаи пахн нанамудани силохи хастаиро вайрон мекунанд.
Пештар байни Эрон ва ИМА панч даври музокироти гайримустаким тавассути миёнаравии Умон баргузор шуда буд, мулокоти санаи 15 июн дар Маскат ба накша гирифта шуда буд, аммо он бо сабаби шиддат гирифтани вазъ бекор намуда шуд.
Ларичони таъкид намуд, ки сиёсати ИМА дар маъмурияти Трамп ба интихоби байни таслим шудан ва чанг вобаста аст, ки ёфтани созишро мушкилтар мекунад.
“Музокирот бо ИМА бозии риёкори аст, ки дар он онхо сулх ваъда медиханд, аммо чангро идома медиханд”, — изхор дошт рахбари Олии Эрон Оятулло Хоманаи. – “Мо ба онхое, ки хамзамон олимони моро мекушанд ва имтиёз талаб мекунанд, эътимод надорем. Хар гуна гуфтушунид бе эхтиром ба хукукхои мо бефоида аст.
Муносибатхои байни кишвархо дар пасманзари мунокишаи давомдор дар минтака ва кушиши чомеаи байналмилали барои баркарор намудани муколамаи дипломати барои муътадил намудани вазъ ташаннучнок боки мемонанд.
Аксхо Pars Today