Варзишгарони Точикистон барои иштирок дар Бозихои тобистонаи Олимпи ба Париж омаданд – ИА Караван Инфо
Варзишгарони Точикистон барои иштирок дар Бозихои тобистонаи Олимпи ба Париж омаданд

Санаи 23 июли соли 2024 варзишгарони мунтахаби олимпии Точикистон ба Париж омаданд ва дар дехаи олимпии канори шимолии пойтахти фаронса чойгир шуданд.

Чумхурии Точикистонро дар бозихои тобистонаи Олимпии соли 2024 дар Париж 14 варзишгар аз руи 6 намуди варзиш, аз чумла дзюдо, бокс, таэквондо, муборизаи озод, шиновари ва варзиши сабук намояндаги мекунанд.

Бозихои тобистонаи Олимпии соли 2024 дар Париж аз 26 июл то 11 август баргузор мешаванд. Барномаи бозихо аз 32 намуди варзиш иборат буда, иштироки 10 500 варзишгар аз 206 кишвари чахон ба накша гирифта шудааст. Варзишгарон барои 329 мачмуи медалхо байни худ ракобат мекунанд.

Каблан, 13 июли соли 2024 Раиси Мачлиси миллии Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон Рустам Эмомали бо дастаи Мунтахаби Точикистон, ки дар 33 Бозихои Олимпии Париж ширкат хохад намуд, мулокот намуда буд.

Раиси шахри Душанбе Рустам Эмомали хамчунин таъкид дошт, ки варзишгарон дар чунин чорабинихои бонуфузи варзиши ватану фарханги худро на танхо тавассути касбият ва кобилиятхои истиснои, балки бо одобу рафтори хуб муаррифи мекунанд.

Илова бар ин, ба онхо изхори бовари намуда шуд, ки варзишгарони точик дар ин Бозихои Олимпи махорати баланди касби нишон медиханд.

Каблан эълон шуда буд, ки ба варзишгароне, ки дар Бозихои Олимпии Соли 2024 Дар Париж чойхои фахри ба даст овардаанд, калидхои манзилхои 3, 2 ва 1-хучра дар пойтахти кишвар супорида мешаванд.

Аксхо аз манбаъхои кушода

error: