Хукумати Таиланд эълон намуд, ки барои шахрвандони Узбекистон то 60 руз низоми бидуни раводид чори намуда мешавад. Ин ташаббус, ки дар охири мохи май эълон шуда буд, 15 июли соли 2024 эътибор пайдо намуд, хабар медихад консулгарии Генералии Узбекистон дар Бангкок.

Каблан шахрвандони Узбекистон метавонистанд бо нархи 60 доллар танхо раводиди сайехии 15-рузаро хангоми парвоз ба фурудгохи кишвар ба даст оранд. Аммо, низоми нави раводид ба хамаи мехмононе, ки аз посгоххои сархади мегузаранд, дахл дорад. Бояд кайд намуд, ки Таиланд ин тадбирро якчониба бо максади хавасмандгардонии иктисодиёти давлат амали намуд.
Ба гуфтаи намояндагони Вазорати корхои хоричии Таиланд, холо гуфтушунидхо дар бораи бастани созишномаи дучониба дар бораи низоми мутакобилаи бидуни раводид байни Узбекистон ва Таиланд идома доранд.
Аксхо: ВАЗОРАТИ Корхои Хоричии Узбекистон