Дар чараёни машкхои муштараки тактики-махсуси десантиёни казокистони ва белоруси бояд вазифахоро дар минтакаи кухи ва биёбони ичро кунанд.

Десантчиёни бригадаи десанти-тахдидии Брест барои иштирок дар ин машкхои дучониба омаданд. Мулокоти тантанави бо хамкорони казокистони аз бригадаи 37-уми десантиву хамлави ба номи Кахрамони Иттиходи Шурави генерал-майор Иван Панфилов дар аэродроми харби баргузор шуд. Чорабинии мазкур бо консерт бо сурудхои казоки ва белоруси дар Касри фарханги шахри Талдикорган пурра карда шуд.
Ин машкхо нахустин мулокоти низомиени ду кишвар нестанд. Пештар десантиёни казокистони дар озмоишхои касби барои хукуки пушидани нишони Синаи “Доблест и мастерство” дар полигони “Лосвидо” дар Наздикии Витебск, дар чемпионати куввахои Мусаллахи Чумхурии Беларус оид ба варзиши парашюти, инчунин дар паради харби дар Минск, бахшида ба 80-солагии озодкунии Беларус аз тачовузгарони фашистии олмони иштирок намуданд.

Генерал-майор Алмаз Чумакеев, фармондехи кушунхои Десантиву хамлавии Куввахои Мусаллахи Казокистон кайд намуд, ки таълимоти “Вершина братства” бо назардошти тачрибаи низоъхои мусаллахи муосир тахия шудааст ва ба баланд бардоштани омузиши сахроии чузъу томхо ва такмили системаи муштараки идоракуни ва амалиети тактики равона шудааст.
Сурат: ВМ ЧК