Дар брифинги хукумати Казокистон вазири энергетика Алмасадам Саткалиев дар бораи эхтимоли рад намудани танзими нархи маводи сузишвори ва равгандихи (СБМ) дар кишвар изхори назар намуд.

А. Саткалиев изхор дошт, ки Вазорати энергетика идеяи бекор намудани танзими нархи махсулоти нафтро дастгири мекунад. Вай кайд намуд, ки барномаи либерализатсияи соха вазифаи аввалиндарачаи хукумат аст ва нархгузории озод дар бозори сузишвори яке аз механизмхои самараноки таъмини устувории бозор ва мубориза бо кочок хисобида мешавад.
Бо вучуди ин, вазир таъкид намуд, ки раванди озодкунии нарххо бояд кадам ба кадам ва бо чори намудани чорахои дастгирии ахолии аз чихати ичтимои осебпазир, ба монанди хамени ичтимои мувофик бошад. Вай кайд намуд, ки хадафи ин ташаббус бояд ба даст овардани нархгузории объективи ва ичтимои-самаранок дар бозори сузишвори дар кишвар бошад.