Москва, 28 июли соли 2025-АИ «Караван Инфо». Рузи гузашта Нерухои хавоии Урдун дар якчояги бо АМА 25 тонна кумаки башардустона ба Газза расониданд. Парвозхо аз хавопаймохои C-130 анчом дода шуданд.

Тибки маълумоти артиши урдун, ин сеюмин парвози хавои дар як шабонаруз буд ва яке аз онхо бо Аморати Муттахидаи Араб хамоханг намуда шуд.
Вазъият дар бахш вазнин боки мемонад. Раиси СУТ Тедрос Адхан Гебрейесус изхор дошт, ки ин созмон афзоиши шадиди марги гуруснагиро дар байни кудакон сабт мекунад. Дар соли 2025 аллакай 21 фавт дар байни кудакони то панчсола аз сабаби камгизои ба кайд гирифта шудааст.
Тибки маълумоти СУТ, зиёда аз 10% ахоли аз гуруснагии шадид азият мекашанд ва дар байни занони хомила ва ширдех ин ракам аз 20% зиёд аст. Дастраси ба кумаки башардустона ба таври чидди махдуд аст, ки бухронро бадтар мекунад.
Аксхо: Анадолу