Москва, 28 июли соли 2025-АИ «Караван Инфо». Шоми якшанбе, санаи 27 июл, дар Чанубу гарби Олмон як катораи мусофиркашони минтакави, ки аз масири Зигмаринген-Улм мегузашт, сукут намуд, хабар медихад Euronews

Дар натичаи ин ходиса, тибки маълумоти охирин, се нафар кушта ва зиёда аз 50 нафар чарохатхои гуногун бардоштанд. Дар вакти садама дар катора такрибан 100 мусофир буданд. Ин садама дар наздикии коммунаи Мерклинген (замини федералии Баден-Вюртемберг) рух дод.
Тибки маълумоти пешаки, сабаби фочиа туфон буд, ки чанде пеш аз ходиса ба минтака расид. Ин нуктаро низ тасдик мекунанд, ки боронхо рохи оханро аз байн бурдаанд, ки боиси аз релсхо баромадани каторахо гардид. Аммо, сабабхои расми хануз муайян намуда нашудаанд.
“Мо тамоми шаб кор хохем кард. Тафтишот огоз ёфт, коршиносон далелхоро дар чои ходиса чамъовари мекунанд. Ин метавонад зиёда аз як рузро дар бар гирад” гуфт сухангуи полиси Улма Свен Франкен.
Рохбари хадамоти начот Шарлотта Тсиллер хабар дод, ки эвакуатсия ба анчом расидааст, ба хамаи осебдидагон кумак расонида шудааст.
Кантслери Олмон Фридрих Мертс ба наздикони кушташудагон изхори хамдарди намуда, таъкид намуд, ки тамоми куввахои зарури ба чои ходиса сафарбар намуда шудаанд.
Аксхо: Томас Warnack/ dpa