Дар Узбекистон хусусигардонии низоми миллии пардохти Humo огоз ёфт – ИА Караван Инфо
Дар Узбекистон хусусигардонии низоми миллии пардохти Humo огоз ёфт

Агентии идоракунии дороихои давлатии Узбекистон эълон намуд, ки раванди хусусигардонии маркази миллии байнибонкии коркарди Humo огоз меёбад. Дар доираи ин раванд, 100% хиссаи давлатии ширкат тавассути даъвати оммави ба гуфтушунидхо ба се мархила таксим карда мешавад.

Ширкати байналмилалии Deloitte хамчун мушовири ин созишнома баромад мекунад ва барои арзёбии дороихо ширкати дигари байналмилалии “Чоргонаи Калон” чалб карда мешавад. Дархостхо аз шахсони манфиатдор то 22 август кабул карда мешаванд.

Системаи миллии пардохти Humo мохи сентябри соли 2018 бо максади бехтар намудани амнияти системаи пардохти милли ва таъмини хамгироии ягонаи инфрасохтори пардохт таъсис дода шуд. Системаи Humo пас аз нокомии ягона маркази коркарди Uzcard, ки сохтори хусуси мебошад, сохта шудааст.

Имруз сармояи оинномавии ширкат 155,4 миллиард сумро ташкил медихад ва дар айни замон зиёда аз 27 миллион кортхои Humo дар муомилот мебошанд. Бо карори президент аз 30 ноябри соли 2024, хиссаи давлати дар Humo ба Дороии Давлати дода шуд, ки ин огози раванди хусусигардони буд. Кабули Humo ба тавозуни Бонки Маркази каблан ба мунокишаи манфиатхо оварда мерасонд, аммо баъдтар системаи пардохт ба руйхати ширкатхое дохил карда шуд, ки сахмияхои давлатии онхо бояд тибки коидахои мукарраршуда ба музоядаи оммави гузошта шаванд.

Аксхо: Газета.uz

error: