Дар Киргизистон истехсоли заргари ба таври назаррас кохиш ефт – ИА Караван Инфо
Дар Киргизистон истехсоли заргари ба таври назаррас кохиш ефт

Тибки маълумоти охирини кумитаи миллии омори Киргизистон, истехсоли заргари дар кишвар дар мохи июни соли 2024 нисбат ба мохи июни соли 2023 86,6% кохиш ёфтааст. Аз гузориш бармеояд, ки дар мохи июни соли чори ба маблаги умумии 643,5 хазор соми заргари истехсол шудааст. Дар холе ки хачми истехсоли он як сол пеш 4,8 миллион сомро ташкил медод.

Ин ракамхо аз кохиши чиддии истехсоли заргари дар кишвар дар як сол шаходат медиханд. Тавре маълум шуд, дар нимсолаи аввали соли 2024 истехсолот 52,4% кохиш ёфта, ба 9,9 миллион сом расид.

Коршиносон кайд мекунанд, ки чунин кохиши фалокатбори истехсолот дар сохаи мухим, ба монанди истехсоли чавохирот, метавонад ба иктисодиёти кишвар ва шугли ахоли таъсири чидди расонад.

error: