Дар олимпиадаи чахонии математикаи “ИМО-2024” хайати Точикистон сатхи баланди тайёри нишон дода, бо натичахои шоистаи тахсин ба хона бармегардад. Тибки иттилои маркази Матбуотии Вазорати маориф ва илми Чумхурии Точикистон, дар ин чорабинии бонуфуз, ки аз 11 то 22 июл дар Британияи Кабир баргузор шуд, хонандагон ду медали биринчи ва се чои фахри ба даст оварданд.
Бояд кайд намуд, ки дар олимпиада намояндагони 110 кишвари чахон иштирок карданд. Точикистонро шаш нафар донишчуёни болаёкат намояндаги намуданд, ки аз даври интихобии муассисаи давлатии “маркази Чумхуриявии чустучу ва рушди истеъдодхо” гузаштанд. Дар мархилахои интихоби зиёда аз 46 хонанда иштирок намуданд ва танхо шаш нафари онхо ба финал баромаданд.

Имруз дар Точикистон ба рушди фанхои илми ва математика дар байни мактаббачагон диккати махсус дода мешавад. Ташаббуси Президенти Чумхурии Точикистон Эмомали Рахмон “Бистсолагии омузиш ва рушди илмхои табии, дакик ва математики” ба тахкими таваччух ба илмхои дакик дар байни чавонон мусоидат менамояд. Иштироки мактаббачагони точик дар олимпиадахои байналмилали торафт бештар намоён ва муваффак мегардад.
Ин натича тасдик мекунад, ки харакати олимпи дар Точикистон дар рохи устувори болорави карор дорад ва мактаббачагони кишвар бо осони бо иштирокчиёни гушахои гуногуни чахон ракобат мекунанд ва бо ин рох эътибори чахонии Чумхуриро баланд мебардоранд.