Душанбе, 4 август, АИ «Караван Инфо». Кумитаи рушди сайёхии назди Хукумати Чумхурии Точикистон озмуни чумхуриявиро бахшида ба рузи чахонии сайёхи, ки хамасола санаи 27 сентябр чашн гирифта мешавад, эълон намуд.

Озмун панч самти асосиро дар бар мегирад ва дар номинатсияхои зерин гузаронида мешавад:
– “Бехтарин ширкати сайёхи”,
– “Бехтарин мачмааи мехмонхонахо”,
– “Бехтарин тарабхона”,
– “Бехтарин рохнамо”,
– “Бехтарин блогер ва таблиггари онлайн дар дохил ва хоричи кишвар.”
Озмун бо максади:
- рушди сохаи сайёхи дар Точикистон,
- хавасмандгардонии намояндагони саноати мехмоннавози ширкатхои турки, мехмонхонахо, рохбаладон ва тарабхонахо,
- дастгирии рузноманигорон, блогерхо ва коршиносони мустакил, ки иктидори сайёхии кишварро тавассути ВАО ва платформахои раками маъмул мекунанд,
- баланд бардоштани сифати хизматрасони дар бахши сайёхи,
- ва дар нихоят, чалби сайёхони хоричи ба кишвар.
Дар озмун иштирок карда метавонанд:
- аз агентихои амалкунандаи сайёхи, тарабхонахо, мехмонхонахо,
- рохнамо, рузноманигорон, мутахассисони мустакил ва блогерхо,
- ва инчунин хар касе, ки ба талаботи Мукаррароти озмун чавобгу аст.
Дархостхо то санаи 10 сентябри соли 2025 дар Кумитаи рушди сайёхи кабул намуда мешаванд. Дар хар як номинатсия се чоиза пешбини шудааст. Голибон бо дипломхо ва мукофотхои пули мукофотонида мешаванд.
Илова бар ин, иштирокчиёни фаъол ва онхое, ки дар ташкили озмун кумак мерасонанд, бо номахои сипосгузори кадрдони намуда мешаванд.
Рузи чахонии сайёхи ин чашни байналмилали мебошад, ки аз чониби созмони чахонии сайёхи (UNWTO) эълон шудааст, ки хадафи он баланд бардоштани огохи дар бораи арзиши иктисоди, фарханги ва ичтимоии сайёхи мебошад.
Точикистон, ки дорои захирахои бойтарини табии, таърихи ва фарханги мебошад, барои пешбурди имичи сайёхии худ хам дар сатхи минтакави ва хам дар сатхи чахони фаъолона кор мекунад.
АКСХО: Кумитаи рушди сайёхии назди Хукумати Чумхурии Точикистон