МОСКВА, 08 августи соли 2025 – АИ «Караван инфо. Сарвазири Гурчистон Ираклий Кобахидзе изхор дошт, ки Тбилиси зарурати бастани созишномаро дар бораи истифодаи кувва нисбати Абхазия ва Осетияи Чануби намебинад.

Ба гуфтаи у, кишвар аллакай рохи осоиштаи баркарорсозии тамомияти арзиро дорад.
“Ин барои мо чидди нест. Мо рост мегуем: рох танхо осоишта аст. Дар бораи ягон хуччат сухан намеравад”, — таъкид намуд Кобахидзе.
Вай инчунин ишора намуд, ки Гурчистон бо Сухум ва Схинвал музокироти мустаким нахохад намуд ва истиклолияти онхоро эътироф намекунад.
Пештар намояндаи расмии ВКХ Русия Мария Захарова аз Тбилиси даъват намуд, ки созишномаи хатмии хукуки дар бораи истифодаи кувваро имзо кунад.
Ба гуфтаи вай, ин кафолати такрори фочиаи соли 2008 ва заминаи ба эътидол овардани муносибатхои тарафхо дар оянда хохад буд.
Ёдовар мешавем, ки мохи августи соли 2008 Гурчистон амалиёти низомиро дар Осетияи Чануби огоз намуд. Русия ба химояи сулхчуён ва шахрвандони минтака дахолат намуд. Мунокиша панч руз давом намуд ва беш аз хазор нафарро кушт. Баъдтар Русия истиклолияти Осетияи Чануби ва Абхозистонро эътироф намуд.
Аксхо: манбаъхои Кушода