Душанбе, 23 август, АИ «Караван Инфо». Академияи илмхои Русия дар якчояги бо факултети химияи МДУ ба номи М.Ломоносов дар бораи баргузории озмуни Байналмилалии Лоихахои илми барои чавонон эълон намуд. Соли 2025 он бо номи рамзии “Химияи Галаба” ба муносибати 80-солагии Галаба дар чанги Дуюми чахони баргузор мешавад.

Ба иштирок даъват намуда мешаванд:
– хонандагони синфхои 5-11 аз Точикистон,
– донишчуёни 1-2 курсхои коллечхои то 18-сола.
Иштирокчиён метавонанд лоихахоро дар сохахои гуногун пешниход кунанд:
химия, физика, математика, илмхои мухандиси, таърих, биология, адабиёт ва дигар фанхо.
Бакайдгири ва пешниходи лоихахо: аз санаи 15 май то санаи 15 сентябри соли 2025.
Финали озмун: санаи 19-21 ноябри соли 2025 дар Москва, дар бинои Президиуми академияи илмхои Русия баргузор мешавад.
Формат: ру ба ру ва фосилави, ки ба мактабхонон ва донишчуёни кишвархои гуногун имкон медихад, ки иштирок кунанд.
Созмондихандагон таъкид мекунанд, ки озмун на танхо имконияти нишон додани кобилиятхои илми, балки имконияти ба мактаббачагону донишчуёни точик дар арсаи байналмилали эълон намудани худ, муаррифии гояхо ва тачрибаи муошират бо олимони пешкадами чахон мебошад.
Аксхо: манбаъхои кушода