Венесуэла дар пасманзари тахдиди хамлаи ИМА нерухояшро ба марзхо мекашад – ИА Караван Инфо
Венесуэла дар пасманзари тахдиди хамлаи ИМА нерухояшро ба марзхо мекашад

МОСКВА, 27 августи соли 2025 АИ «Караван Инфо».  Венесуэла мудофиаро дар робита ба наздикшавии киштихои харбии Амрикои ба сохилхои он таквият медихад. Тибки маълумоти макомот, такрибан 15 хазор хизматчиёни харби, инчунин катерхо, авиатсия ва хисобхои бесарнишинхо ба марзхо кашида шудаанд.

Президенти кишвар Николас Мадуро дар бораи васеъ намудани маъракаи баруйхатгирии хизматчиёни харби ва ба сафи милитсияи боливариани дохил намудани наваскарон хабар дод. «Нуктахои кабул» дар саросари кишвар серодам буданд.

Ин вокеан таъсирбахш ва хеле хаячоновар аст, аз ин ру ман амр додам, ки маъракаи оммавии даъват ба амал ояд, то хама иштирок кунанд” гуфт у дар канали- Telegram.

Танишхо дар минтака пас аз изхороти рахбари амрико афзоиш ёфтанд. Вай Каракасро дар дастгирии кортелхои маводи мухаддир айбдор намуд ва Мадуроро президенти конуни эътироф нанамуд ва ваъда дод, ки барои маълумоте, ки ба боздошти у кумак мекунад, 50 миллион доллар мукофотпули медихад.

Кохи Сафед инчунин хушдор дод, ки омода аст “хама унсурхои кувваи амрикои” – ро барои мубориза бо кочоки маводи мухаддир, аз чумла амалиёти низоми истифода барад.

Гурухи амфибии амрикои, ки ба Венесуэла равона шудааст, хавопаймохои sampson (DDG-102), Gravely (DDG-107) ва Jason Dunham (DDG-109) – ро дар бар мегирад.

Дар ин замина, дар ВАО гузоришхо дар бораи эхтимоли интиколи хавопаймохои бесарнишин аз кишвархои дустона пайдо шуданд, ки метавонанд иктидори мудофиавии Каракасро ба таври назаррас таквият диханд. Тибки баъзе маълумотхо, системахои шабех метавонанд дар Куба бо Никарагуа низ чойгир намуда шаванд.

Муносибатхои ИМА ва Венесуэла дар солхои охир дар пасманзари иттихоми Каракас дар робита бо картелхои маводи мухаддир ва накзи хукуки инсон бад шуданд.

Вашингтон рад намуд, ки Николас Мадуроро президент эътироф кунад ва мухолифинро дастгири кунад. Дар посух, макомоти Венесуэла робитахои низомиро бо Русия, Эрон ва як катор кишвархои Амрикои Лотини мустахкам мекунанд.

Аксхо: globallookpress

error: