Душанбе, 04 сентябр, – АИ «Корвон Иттилоот». 2 сентябр дар Душанбе аҳамияти мувофиқаи ташаббусҳои экологӣ бо афзалиятҳои миллӣ ва минтақавӣ баррасӣ шуд. Дар ин мулоқот Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баходур Шерализода ва директори иҷроияи Маркази минтақавии экологӣ Осиёи Марказӣ Батир Мамедов ширкат карданд.

Таваҷҷуҳи хоса ба лоиҳаҳои минтақавии Маркази минтақавии экологӣ Осиёи Марказӣ, аз ҷумла «RESILAND CA+», «One Health» ва «Blue Peace», ки бо дастгирии молиявии Бонки Ҷаҳонӣ амалӣ мешаванд, ҷалб карда шуд. Ин ташаббусҳо ҳамчунин тадбирҳои дастгирии Тоҷикистон ва тақвияти иқтидори миллӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зистро дар бар мегиранд.
Ҳамзамон, ҷонибҳо рушди ҳамкорӣ бо донишгоҳҳо ва шарикони техникии кишварро баррасӣ намуда, омодагии худро барои тақвияти интегратсияи минтақавӣ дар сатҳи миллӣ таъкид карданд. Дар айни замон, барои чорабинии муҳим дар доираи лоиҳаи «One Health» омодагӣ идома дорад.
Таваҷҷуҳи махсус ба Конфронси минтақавии Осиёи Марказӣ оид ба масъалаҳои тағйирёбии иқлим, ки ҳамчун рӯйдоди муҳими минтақа эътироф шудааст, дода шуд. Ҳар ду ҷониб омодагии худро барои иштирок ва ҳамкории фаъол дар ташкил ва гузаронидани ин конфронс таъкид карданд.
Ғайр аз ин, мавзӯи ҷалби сармоягузориҳои «сабз», ки ба рушди устувор ва ҳифзи муҳити зист дар кишварҳои минтақа, аз ҷумла Тоҷикистон нигаронида шудаанд, мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ин мулоқот аҳамияти ҳамоҳангсозии саъю кӯшишҳои миллӣ ва минтақавӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва ташаббусҳои иқлимӣ, ҳамчунин тақвияти ҳамкорӣ байни кишварҳои Осиёи Марказӣ барои амалӣ намудани лоиҳаҳои экологӣ ва устуворро таъкид намуд.
АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон