МОСКВА, 5 сентябри соли 2025 АИ «Караван Инфо». Иёлоти муттаҳида бори аввал дар таърихи муосир ба истеҳсолкунандагони Русия барои интиқоли тухми мурғ муроҷиат намуд, хабар медиҳад хадамоти омори Амрико.
Гуфта мешавад, ки партияи аввал аз Русия ба ИМА 455 ҳазор доллар арзиш дошт.

Сабаби чунин қарори ғайричашмдошт болоравии нархи тухм дар аввали соли 2025 буд.
Коршиносон вазъиятро бо таъсири эпидемияи зукоми парранда, ки ба корхонаҳои паррандапарварии амрико зарба зада, норасоии маҳсулотро ба вуҷуд овардааст, алоқаманд мекунанд.
Барои ба эътидол овардани бозор, Вашингтон ҷуғрофияи воридотро васеъ намуд. Ғайр аз Русия, тухм аз Арабистони Саудӣ низ харидорӣ намуда шуд ҳаҷми созишнома 518 ҳазор долларро ташкил дод. Дар айни замон, Бразилия, Мексика ва Ҳиндустон таъминкунандагони асосии ИМА боқӣ мемонанд.
Моҳи июли соли 2025 ИМА бори аввал дар тӯли солҳои дароз аз истеҳсолкунандаи Русия тухм харид. Ин иқдом як қисми сиёсати дарёфти манбаъҳои нави таъминот пас аз болоравии нархи тухм дар дохили кишвар гардид.
Аксҳо: манбаъҳои кушода