МОСКВА, 5 сентябри соли 2025 АИ «Караван Инфо». Президенти ИМА Доналд Трамп ният дорад, ки фармони иваз намудани номи вазорати мудофиаро ба “вазорати ҷанг” имзо кунад.
Тавре, ки Fox News бо истинод ба манбаъ дар Кохи Сафед хабар медиҳад, ҳуҷҷат истифодаи номи навро ҳамзамон бо номи амалкунанда, инчунин ҷорӣ намудани вазифаи “вазири ҷанг” ба ҷои раиси маъмулии идораи мудофиаро пешбинӣ мекунад.

Тибқи иттилои расонаҳо, Пит Ҳегсет, ки ҳамчун номзад ба ин вазифа баррасӣ мешавад, вазифадор мешавад, ки чораҳои зарурии қонунгузорӣ ва иҷроияро омода кунад. Трамп шаби ҷумъа аз дафтари Байзавӣ изҳороти расмӣ хоҳад дод.
Акидаи иваз намудани ном нав нест: қаблан Трамп борҳо изҳор дошт, ки “вазорати ҷанг” нақши идораро дақиқтар инъикос мекунад ва хотиррасон мекунад, ки он дар давраи Ҷанги Якуми ҷаҳонӣ ва ҷанги Дуюми ҷаҳонӣ ҳамин тавр номгузорӣ шудааст.
Дар моҳи август ӯ таъкид намуд, ки намехоҳад “танҳо ҳимоятгар” боқӣ монад, балки ният дорад “ҳамла” кунад.
Вазорати мудофиаи ИМА соли 1947 пас аз азнавташкилдиҳии идоракунии ҳарбӣ пайдо шуд. Пеш аз ин, идора расман “вазорати ҷанг” номида мешуд. Трамп бори аввал ба таври оммавӣ пешниҳод намуд, ки номи кӯҳнаро ҳанӯз дар маъракаи интихоботии худ баргардонад.
Аксҳо: Touch Of Light