МОСКВА, 20 сентябри соли 2025 АИ «Караван Инфо». ИМА дар бораи барқарор намудани ҳузури низомӣ дар пойгоҳи Баграм дар Афғонистон фикр мекунад, менависад The Wall Street Journal бо истинод ба манбаъҳо.
Тибқи маълумоти нашрия, намояндагони Маъмурияти Доналд Трамп бо “Толибон” дар бораи ҷойгир намудани як контингенти маҳдуд дар пойгоҳ, ки метавонад барои амалиёти зиддитеррористӣ истифода шавад, гуфтушунид мекунанд.

Ин метавонад дар бораи ҷойгиркунии ҳавопаймоҳои ҳарбӣ ё ҳавопаймоҳои бесарнишин бошад. Манбаъҳо таъкид мекунанд, ки гуфтушунидҳо дар марҳилаи аввал қарор доранд ва дар бораи фиристодани фаврии нерӯҳои амрикоӣ ҳанӯз сухане нест.
Муҳокима дар доираи рӯзномаи васеътар аз табодули маҳбусон то созишномаҳои иқтисодӣ ва масъалаҳои амниятӣ сурат мегирад. Музокирот таҳти роҳбарии фиристодаи махсуси президенти ИМА оид ба масъалаҳои гаравгонҳо Адам Боулер сурат мегирад.
Аммо дар Афғонистон ин хабарҳо бо шубҳа қабул шуданд. Намояндаи ВКХ-и кишвар Зокир Ҷалолӣ имкони бозгашти низомиёни амрикоиро рад намуда, қайд кард, ки ҳамкории байни тарафҳо метавонад дар форматҳои дигар сохта шавад.
Пештар Доналд Трамп ошкоро изҳор дошт, ки ИМА бояд “назорати пойгоҳи Баграмро барқарор кунад”.
Бояд қайд намуд, ки Пойгоҳи Ҳавоии Баграм солҳои тӯлонӣ бузургтарин иншооти Низомии ИМА дар Афғонистон буд. Аз он ҷо амалиёти калидӣ алайҳи гурӯҳҳои радикалӣ гузаронида мешуд.
Аммо тирамоҳи соли 2021, дар замони маъмурияти Ҷо Байден, нерӯҳои амрикоӣ кишварро пурра тарк намуданд, ки ин рамзи анҷоми маъракаи бистсолаи ИМА дар Афғонистон буд.
Аксҳо: Agency via Getty Images